ВОСЕЪ.Тибқи нақшаи баргузории хонишӽои сиёсӣ ва чорабиниӽои ӽизбӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, мудири шуъбаи «САӼШ» Файзуллозода Мавлуда ва фаъолони ташкилоти ибтидоии «Ғелот»-и ҷамоат деӽоти ба номи Худоёр Раҷабов вохȳрӣ баргузор гардид.
Зимни суӽбат бо аӽолӣ Сафарова Ӽафиза оид ба аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ӽадафи солим нигоӽ доштани аӽли ҷомеа ва ӽамчунин фаъол гардонидани аӽолӣ дар самти мубориза бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ ӽамчун зуӽуроти хатарзо, ки вабои аср гаштааст, таъмин намудани амнияти миллӣ ва ӽаёти осоишта ибрози ақида намуд.
Баъдан Файзуллозода Мавлуда оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози ақида намуда, афзуд, ки баӽри баланд бардоштани маърифати ӽуқуқии наврасону ҷавонон се ниӽоди асосӣ оила, мактаб, ҷомеа пайваста дар ӽамкорӣ бошем.
Дар охир сокинони маӽалла иқдом гирифтаанд, ки ба ӽашари умумӣ баромада, заминӽои бекорхобидаро нарм карда,дар он зиёда аз 58 бех дарахтони сояафкани арча шинониданд.