ВОКУНИШ. Дар оғози қарни XIX инсон бо амали номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризми байналмилалӣ мебошад. Дар ҷомеа баъзе шахсиятҳо терроризмро амале унвон медиҳанд, ки гӯё дар ҳамаи давраҳои таърихӣ инсониятро ҳамроҳӣ намудааст, аммо ин ақидаҳо асоси воқеӣ надорад. Решаҳои терроризм хеле чуқур мебошад. Манъбаи иҷтимоии он ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Имрӯз касе дақиқ гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва бо кадом мақсад содир шудааст. Аз давраҳои қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие мавҷуд буданд, ки бо роҳи тарсонидан мақсадҳои худро ба сари дигарон бор намоянд. Дар марҳилаи кунунӣ низ амалҳои террористӣ сабаби кушта шудани миқдори зиёди одамони бегуноҳ мегардад. Таърихи қарни XIX -XX ва оғози XXI собит месозанд, ки амалҳои террористӣ бисёртар характери сиёсиро ба худ гирифта, доираи амал ва фаъолияти террористон васеъ мегардад. Дар натиҷаи пешрафти техника ва техналогияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд менамояд, ки рӯйи зарарҳои расонидаашон ба амалиётҳои калони ҷангӣ гувоҳӣ медиҳанд. Мисоли ин амалҳои террористӣ, ки 11- уми сентябр соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо бераҳмӣ махсус анҷом дода шуд, ки одамони зиёд қурбонӣ шуданд. Ё ин ки давоми ҳамон сол террористон 23-26 октябри соли 2002 дар Маскав ҳаракати ба гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳро пеша намудаанд, ки дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ даҳҳо нафар аз шаҳрвандони бегуноҳи Москва вафот карданд. Инчунин амали террористӣ ва бо амалҳои нопоку тарҳезишудаи гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти сарварии Назарзода Ҳалим 4-9 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе, ки дар натиҷа беш аз даҳҳо бегуноҳон қурбонӣ ин фоҷиа гардиданд.
Чунин амалҳои нопок шаҳодати чунин исботҳо мебошад, ки:
Дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ нафаре аз дасти террористони байналмилалӣ, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам худро осуда ҳис карда наметавонад;
Зарур мебояд кард, ки бо воситаҳо ва методҳои лозимӣ дар мубориза бар зидди терроризм дар минтақа, фароминтақа ва ҷаҳон кор карда шаванд;
Барои ҳамин ин пеш аз ҳама падидаи терроризми байналмилалӣ коркард карда шуда, решаҳои он ва омилҳое, ки онро ба вуҷуд меоранд, муайян карда шаванд;
Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми олам ва ҷалби тамоми табақаҳои ҷомеа бо як овоз дар мубориза ба терроризм;
Аз байн бурдан ва коста гардонидани амалҳои номатлуби ҷомеа, мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ;
Бе ҳамкориҳои судманди дуҷониба ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳам додани терроризми байналмилалӣ ғайриимкон аст.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар дигар шарикони рушд чунин зикр кард, ки «вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонда шавад. Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи тероризм ва конвенсияҳои зиддитеррористӣ, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмуаи умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намояд».
Воқеан, дар шароити мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳон дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, дигар намуди ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ бояд тамоми мамалакатҳои дунё новобаста ба дараҷаи рушд ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҳамкор бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ ҳанӯз 16- ноябри соли 1999 ва 8-декабри соли 2003 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»-ро қабул намуд, ки онҳо асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлубро муайян мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкил ва гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз омодагии худ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо тамоми кишварҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бори дигар паёми мушаххас дод. Тавре натиҷаҳои конфронс нишон доданд, ҳамаи тарафҳои иштирокдор ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои дар он пешбинишуда мувофиқат ҳосил намуда, ин нишасти муҳимро барои иттиҳоду ҳамбастагӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ муфид арзёбӣ намудаанд.
Хатари асосие, ки терроризми байналмилалӣ ба бор овардааст тақозо менамояд, ки одамон аз андешаи кӯтоҳ ва назорати ғалат дар бораи мафҳуми «терроризм», халос гардида, пеш аз ҳама бояд аз рӯи принсипи «худӣ-бегона» даст кашанд.
Оид ба ин пеш аз ҳама бояд худи терроризмро ҳамчун падида аз ҳаракатҳои миллӣ – озодихоҳӣ фарқ кард. Агар одамон гаравгон гирифта шаванд, ки мардуми осоишта ба баҳонаи ҳифзи озодӣ ва адолат қурбон гарданд, чунин амалиёт ба таври қатъӣ бояд ҳамчун амалиёти террористӣ арзёбӣ гардида, ҳамчун ҷинояти тибқи қонун ҷазо додашаванда ҳисобида шаванд.
Гулҷаҳон Бобоҷонова , муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара