ВОКУНИШ.Ҳафтаи гузашта боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ як маҳзакаи навбатии бо ном “ғамхорону дилсӯзони” миллати тоҷик аз шаҳри Амстердам пайдо шуд, ки боиси ошуфтагии хотири миллати сарбаланди тоҷик гардид.
Ин дафъа яке аз аъзои бо ном “Паймони миллии Тоҷикистон” ватанфурӯши дигар Шарофиддин Гадоев, ки гоҳ аз карда пушаймон мешаваду гоҳ ба “қаҳрамони” нерӯҳои мухолифин табдил меёбад, нишасти матбуоти доир намуда, хело ҳам бадному туҳматҳоро ба сари сохторҳои қудратии Тоҷикистон рехт.
Вақте кас рафти ин маҳзакаро тамошо мекунад, бори дигар боварӣ ҳосил менамояд, ки ин ҳама сохтаю дассиса буда, аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Зеро вақте ин нишастро тамошо мекунӣ аён аст, ки дар он ғайр аз 3-4 нафар “ёрону ҳамроҳони” худи Гадоев дигар ягон рӯзноманигорон ҳузур надоранд. Суханҳое, ки ин “дилсӯзии миллат” дар ин нишаст баён менамояд ҳама бофтаю хаёлӣ буда, танҳо ба хотири баланд бардоштани имиҷи худи Гадоев гуфта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ гӯё ӯро аз шаҳри Маскав дуздида, ба Тоҷикистон меоранд ва ба ӯ се пешниҳод менамоянд, ки ба ин бовар мекунад? Охир Гадоев Шарофиддин ягон чизи хурд нест, ки ӯро дар киса пинҳон карда, дузданд ва ба ин қадар масофаи дур бо ҳавопаймо оварданд. Ҳамаи ин бофтаю сохтаҳои хаёлии худи ӯ буда, ба ҳақиқат наздикӣ надорад.
Ҳамчунин ӯ иброз медорад, ки танҳо бо эътирозу талабҳои ташкилотҳои хориҷӣ ӯро озод кардаанд. Охир ба ин сафсатаҳо кӣ бовар мекунад? Наход дар ҷаҳон дигар проблемаҳое набошанд, ки ташкилотҳои хориҷӣ ҳаллу фасл кунанд? Худи шахсияти Гадоев наход он қадар ба ин ташкилотҳо лозим бошад, ки дигар мушкилотҳои заруриро монда, танҳо ба қазияи ӯ сару кор гиранд?
Аз ҳамаи ин суханҳои сохтаю бофтаи Гадоев кас ба хулосае меояд, ки бадхоҳони миллат бо мақсади амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ аз ҳеҷ гуна дассисаю буҳтон, бадномкунӣ ва туҳматбофӣ даст намекашанд ва барои онҳо обрӯю эътибори миллату давлат заррае қадру манзалат надорад, зеро пешрафту ободии Ватани азизамон чун хор ба чашми ин хоинони Ватану миллат мехалад.
Вале ба ҳама ин шуру валвалаашон хоинони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳанд расид, зеро мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ба ин тоифа бовар нахоҳанд кард. Ин миллати бузургу соҳибтамаддун ба ин гуна туҳматбофиҳо бовар ҳам надорад. Имрӯзҳо миллати тоҷик бо шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ зери сиёсати хирадмандонаву одилаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паи ободӣ баҳри боз ҳам тараққӣ додани кишвари азизи худ меҳнати софдилона менамоянд.
Шарифзода Маҳмадаюб, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён