КӮЛОБ. Бо ҳидояти аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони маҳаллаи Файзобод барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Кӯлоб, ки дар дохили маҳаллаашон аст, як адад тахтаи электронӣ бо тамоми таҷҳизоташ ва компютеру принтер харидорӣ намуданд. Ин таҷҳизот метавонад ба хонандагони муассисаи таълимии маҳалла дар тақвият ёфтани донишу малака ва огоҳӣ пайдо намудан онҳо аз технология муосир мусоидат намояд.
Бояд, гуфт, дар доираи ин Аксия ҳамзамон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзобод” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзобод” Ёрмадова Зебониссо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис гузаронида шуд.
Зимни суханронии худ Ҳамидиён Орзу дар бораи робитаи падару модарон бо мактаб ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ намуд. Ишора бар ин қайд шуд, ки моро мебояд дар баробари таълим гирифтани фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин тарбияи онро низ дуруст назорат ва ба роҳ монда, онҳоро дар рӯҳия ватандорӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расонем. Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки беҳтар аст ба ҷойи маъракаороиҳои намоишкорона барои фарзандонамон шароити хуби таҳсил фароҳам орем.
Дар рафти маҷлис омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Кӯлоб ба сокинон миннатдорӣ баён намуданд.