БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиботро байни мардум тавассути нашри махсуси “Ҳамрози халқ” зиётар ба роҳ мемонем!

КӮЛОБ. Дар ҷамоати деҳоти Даҳана вохӯрии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаҳои  ҷамоат  баргузор гардид.

Дар рафти ин чорабинӣ Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуд. Аз ҷониби мавсуф гуфта шуд, ки дар  ҷаҳони муосир, ки ҷараёнаш ҳар як лаҳза тағйир меёбад ва бар сари мадуми сайёра мушикилиҳои нав ба навро ба вуҷуд меорад, ин моро водор бар он мекунад, ки ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум зиёдтар ба роҳ монем.

Дар охир ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои ҷамоат миқдори муайяншудаи нашри махсуси “Ҳамрози халқ” барои тақсимот миёни аҳолӣ, ҳамзамон нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои такмили кори ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ дастрас карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg