КУШОНИЁН. Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кушониён барои сазоворва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Иштирокдорони корҳои бунёдкорона 112 метр роҳи деҳаи номбурдаро бо тариқи ҳашар сангфарш намуда, чунин ташаббускориҳо дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадони ноҳияи Кушониён идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.