БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар рушду нумуи деҳоти худ саҳмгузорем!

ВАХШ.Бо иштироки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пахтакор-1»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо сокинони деҳаи мазкур оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада,  зикр кард, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли ҷомеа, нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО «Роғун»  пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз  пурраи бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.

Сипас, вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хурду бузурги деҳа бо як руҳияи бузурги созандагию ободонӣ ба тоза кардани ҷӯйбору атрофи он пардохтанд, ки шаҳодат аз  ватандустӣ ва меҳанпарастӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg