БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кори шаб хандаи рӯз

ВОКУНИШ.Баъди тамошои новори иғвоангези навбатии Шарофиддин Гадоев   ба худ андеша кардам, ки саге ки ба соҳибаш вафо накард, намекунад. Дар роҳ бо рафиқам оид ба қазияи  шайтонсифатон суҳбат мекардему аз мо дуртар марде нишаста бо худ ханда мекард. Баъди суханҳои ман, ки роҷеъ ба пахш намудани навор маҳз соати 22 шаб буд, мард ханда карда, гуфт: «Кори шаб хандаи рӯз аст». Ба сӯи мард нигаристам ва дарк намудам, ки ӯ маҷнун ба қавле девона аст,  вале зарараш ба касе намерасад. Сари суханҳои марди маҷнун андеша кардам, ки чаро Ш.Гадоев тавассути шабакаҳои телевизионӣ не, рӯзона дар вақти муайяни корӣ не, балки маҳз шабона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иғво мекунад. Дар воқеъ Ш.Гадов тайи 31 дақиқаву 30 сония тавассути фейсбук мисли саг аккос зад.

Мақсади шайтонсифатони ҲНИ ва гурӯҳи 24 як аст, ин ҳам бошад, озод намудани ҳаммаслаконашон аз зиндонҳои Тоҷикистон аст, зеро сафашон дар хориҷ кам гаштаву муҳтоҷи ёрианд.  Давои навбатии Гадоев нисбати шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳаит дар зиндони Тоҷикистон буд.

Ба Ш.Гадов ва манкуртҳои ҳаммаслакаш муроҷиат карда гуфтанием, ки Худоро шукр кунед, ки Маҳмадалии Ҳаит дар зиндон асту ҷояш амн аст, агар дар озодӣ бошад, мардуми Тоҷикистон бо дастони худ ӯро пора-пора мекунанд, зеро шиканҷае, ки ба мардуми Тоҷикистон кардааед, ҳеҷ нокасе ба ҳамватани худ раво намебинад. Шумо писари модар, шавҳари хоҳар, падари фарзандро кӯштед, аз ин боло дигар шиканҷа намешавад. Боз болои ин баъди ин қадар соле, ки мисли муш дар ҳар сӯрохӣ пинҳон будед, забон бароварда дар бобати паймону истиқлол ва шиканҷаву ҳукуматдории Раҳмон сухан мегӯед. Шумо азоби маҳшарро ба сари ҳамватан ва бародару хоҳари худ овардед. Шумо бо ду пули ҳаром модари хешро фурӯхтед. Шумо ба решаи ин миллат теша задед. Маҳз ҳамин Раҳмонов буд, ки дар тақдири ин миллат мисли офтоб барафрохту бо шӯълаҳои бузургу меҳрубонаш мардумро сарҷамъ намуда, кишварро аз нестӣ эмин сохт ва сулҳро мисли офтоби тобон болои сари мардуми тоҷик парафшон намуд.

Дар урфият гуфтаанд, ки «аҷали саг, ки расид….» Шумо имрӯз дар бобати русҳову давлати абарқудрати Россия сухан нагӯед, зеро аз шумо барин мусалмонони қолабӣ ва ҳамватанони ватанфӯруш дида, русҳо ҳазор баротиба беҳтаранд, зеро дар вақти тангдастӣ, гуруснагӣ ба мардуми Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз намуданд ва нияту дидашон ба пешравии Тоҷикистон равшан аст. Шумо торикбинони манкурт танҳо даъвои вазифаву ҳукуматдориро доред, ки ҳеҷгоҳ насибатон нахоҳад шуд.

Туф болои шумо зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ, ватанфӯрушон. Имрӯз худатон ба худатон хиёнат карда истодаед. Шарм намедоред, ки ба ҷаҳониён симои разилонаи хешро нишон медиҳед, зеро мегӯянд  рафиқе, ки дар назди ту касеро фурӯхт, аз ӯ ҳазар кун, чун мерасад рӯзе, кит ӯро ҳам мефӯрушад. Ин суханҳо барои шумо шайтонсифатони зархарид гуфтаанд.

Дар воқеъ шарми кас меояд, ки Ш.Гадоев ва ҳамдастонашро ҳамватан ва ё тоҷику тоҷикистонӣ гӯяд, зеро яҳудиҳо аз чунин мусалмонони чун Кабирию Шарофиддин, Саидюнусу Маҳмадалии Ҳаит, Зайд Саиду Сулаймон Давлатов ва даҳҳо дигарон беҳтаранд, зеро ба ҳамватани худ хиёнат намекунанд.

Имрӯз бо ташаббуси созанда ва ватандӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраҳои намоёни тоҷик, фарҳанг ва таърихи ғании он ба тамоми мардуми дунё муаррифӣ гардидааст. Имрӯз ҷавонони тоҷик тавассути сиёсати хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии берун аз Тоҷикистон таҳсили илм ва кору фаъолият доранд.

Ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон, алалхусус ҷавонони худогоҳу дарёдил муроҷиат карда мегӯем, ки фирефтаи ин гурӯҳҳо нагардед, зеро ин масхарабозиҳо ба нафъи ягон тоҷику тоҷикистонӣ нест, он танҳо иҷрои нақша ва адои қарзҳои хоҷагони хориҷӣ асту боқӣ ҳеҷ…

 

Саёҳат Абдуллоева, ноҳияи  Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg