БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон

 ВОКУНИШ. Ин сухани пандомез нисбати онҳое гуфта мешавад, ки аз нуги по то тори сар дар гуноҳ ғӯтидаанд.  Амалҳои ношоистаи онҳоро бо ангушт шуморида  намешавад. Вале  айби худро намебинанд. Бинанд ҳам онро нодида мегиранд. Бар замиин кӯшиш менамоянд, ки худро моҳи беайб  нишон диҳанд. Дар баробари ин бо суханҳои подарҳавои дигарон давлату миллат ва Сарвари давлатро барои сади роҳи фаъолияти террористию экстремистӣ шуданашон гунаҳкор медонанд.

Хонандаи закӣ алакай пай бурдааст, ки сухан дар бораи сардорони гурезпои ҲНИ ва аъзои фаъоли ин ҳизб, ки ҳоло дар хориҷи кишвар бо сад ҳиллаю найранг паноҳ мебаранд,   меравад.

Ин гурӯҳи радди маърака бо роҳбарии ватанфурӯшу мазҳабфурӯшашон (дар бораи мазҳаби шиаро қабул кардани онҳо ҷойи баҳс нест. Ба ин алакай иқроранд) Кабирии мансабталаб ҳамарӯза дар сомонаҳои худ суханонеро нисбати давлату милат ва Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар бофтаю сохта паҳн менамоянд,ки ғайричашмдорашон нафрати сокинони кишварро нисбати онҳо боз ҳам зиёд менамояд.

Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мисайзод дар матлабе ба АМИТ “Ховар” изҳор дошт, ки ҳатто ошӯби моҳи сентябри соли 2015 таҳти роҳбарии Абдуҳалим Назаров рух намедод, фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон манъ карда мешуд. Бино ба иттилои Ҳаким Мисайзод, то тирамоҳи соли 2015, алакай, 58 бахши шаҳриву ноҳиявии ҲНИ фаъолияташонро қатъ карда буданд.Ҳамчунин ӯ ҲНИ–ро дар як қатор қонуншиканиҳо дар ҳамон давра айбдор мекунад,  ки онҳо далели раднашаванда барои манъ намудани фаъолияти ҲНИ буданд.

Аз ин мебарояд, ки давлат ба ҲНИ сарфи назар аз қонуншиканӣ имконият додааст, ки камбудиҳои худро ислоҳ намуда, дар доираи Конститусия ва қонунҳои ҷорӣ фаъолият намоянд. Вале онҳо ба 30 фоизи вазифаҳои ба онҳо дода қаноат надоштанд.

Сайҷалол Сатторов,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg