БОХТАР.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Телекоми вилоят» тибқи нақшаи вохӯриҳои ҳизбӣ, ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 вохӯрӣ доир шуд.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳангоми суханронии худ мавсуф доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи КИМ ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешгирӣ аз вайроншавии оилаҳои ҷавон, ободониву созандагӣ ва бо дастовардҳои арзанда пешвозгирии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.