БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташнаро як қатра об аз ганҷи дунё беҳтар аст…

Ш.ШОҲИН. Ифтихори мо тоҷику тоҷикистониён аз он аст,ки новобаста аз оне ки Тоҷикистон  аз ҷиҳати инкишоф  давлати дар зинаи дар ҳоли рушд аст, дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ аз ҷумла дар ҳалли норасоиву танқисии аҳолии кураи замин бо оби ошомиданӣ дар сафи давлатҳои бузургу тараққикардаи сайёра дар як қатор ҷойгир аст.        

Вобаста ба ин мавзӯъ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Пистамазори ҷамоати деҳоти Саричашма  вохӯрӣ доир намуда, дар бораи оғози Даҳсолаибаналмилалии амал «Об барои рушди устувор,солҳои 2018-2028», ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мебошад, андешаронӣ карданд.

Инчунин,  дар вохӯрӣ  вакили деҳаи болозикр Қурбонова Баҳринисо  иштирок дошта, доир эълон гардидани  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ,тарғиби тарзи ҳаёти солимва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба якчанд нафар аъзои нави ҳизб  билетҳои ҳизбӣ бо тантана тақдим карда шуданд.

         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg