БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар хизмати халқ аст!

КӮЛОБ.Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорон дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корези боло” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуот Самадзода Сайёҳат ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер инчунин, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корези боло” Маҳмадалиев  Амир роҳандозӣ гардид.

Самадзода Сайёҳат дар баромад худ доир ба иҷрои ҳатмии қонунҳои миллӣ, рафти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок андешарони намуд. Ҳамзамон дар бораи вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳон, минтақа ва дохилии мамалакат ба ҳозирин маълумоти мухтасар дод.

Дар навбати худ Файзуллоев Алишер ба сухан баромада,  дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ ибрози андеша намуда, сипас оиди татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуда, мардумро барои амалӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва саҳм доштан дар корҳои ободонии деҳаи худ ба ҷои маъракаҳои серхарҷ даъват намуд.

Дар фарҷом ба шахсоне,ки ба сафи ҲХДТ дохил шудан мехостанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg