ҚУБОДИЁН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ишмурод Ниёзов” бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ Шарипов Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброзиандеша намуда, зикр кард, ки Паём ҳамчун барномаи мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ буда, дар он нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум қарор гирифтааст.
Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ Шарифзода Маҳмадаюб доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳарф зада, аз ҳар як аъзои ҲХДТ барои саҳм гузоштан дар рушду ободии кишвар даъват ба амал овард.