ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳарф зада зикр намуд, ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳар як сокини кишвар саҳмгузор буда метавонад.
Инчунин, дар идома аз ҳамагон даъват бар он карда шуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ҷалби шахсони саховатманди маҳал дар сохтмон иншоотҳои маданиву маишӣ, ҷалби духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, тозаву обод гардонидани ҷои зисти худ камари ҳиммат бандем.