БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар таъмини рӯзгори осудаи мардум ва рушди кишвар нақши муассир дорад

ДӮСТӢ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии «Нури Вахш» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд.

Дар рафти хониши сиёсӣ  кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз кардани агрегати НОБ-и Роғун,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ васамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз  ҷумла  пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки дар сатҳи баланд таъмини зиндагии  осудаи сокинон  ва рушду нумуи кишвар саҳми муносиб  нақши муассир дорад,  раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg