БОХТАР.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳаллаи «Баҳор» вохӯрӣ бо сокинони маҳалла доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Шукрона Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти мулоқот масъулин доир ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ободониву созандагӣ дар маҳал, дар сатҳи баланд таҷлили ҷашнҳои фархунда и Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда. афзуданд, ки бо дастовардҳои назаррасу беназир истиқбол гирифтани санаҳои муҳими таърихӣ вазифаи ҳар яки мо шаҳрвандон мебошад.
Дар охир ба сокинон шумораи навбатии нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ» дастрас карда шуд.