БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Робитаи ҲХДТ бо маҳал тақвият меёбад

А.ҶОМӢ.Бо мақсади иҷрои ҷадвали  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, оид ба баргузории хониши сиёсӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳиявии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Маданият»-и деҳаи Маданияти  ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрӣ доир гардид.

Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ баромадкунандагон ҷиҳати дар якҷоягӣ ҳал кардани мушкилоти  ҷоцдоштаи маҳаллу деҳаи худ, саҳм гузоштан дар ободиву созандагии Ватани маҳбубамон ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Баъд аз баргузории вохӯрӣ дар доираи ҷадвали баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз қабили сафед намудани бехи дарахтон, ҳамвор намудани майдончаи варзишии деҳа, тоза кардани канали обгузар ва сангфарш намудани роҳҳои байни деҳа  анҷом дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg