БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат эхдокунандаи зиндагии шоиста аст!

ҶАЙҲУН.Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Наврӯз» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми Пешвои миллат чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабини мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамад Асалмамадов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, доир ба Паёми Пешвои миллат қайд кард, ки дар соли 2018 аз ҳисоби НБО Роғун 3,9 миллиард сомонӣ аз худ карда шуд. Соли 2019 бошад дуюмин агрегати НБО Роғун мавриди истифода қарор дода мешавад. Соли 2019 нерӯгоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум” таҷдид карда мешаванд. Бори аввал давоми 27 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон тайи 2 соли охир мардум ва деҳаҳои дурдасти кишвар низ шабонарӯзӣ бо қувваи барқ таъминанд.

Ҳамчунин илова намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” бояд амалӣ гардад. Махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ волидон бояд ба тарбияи фарзанд аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Мардуми кишвар аз чунин нишондодҳои Ҳукумати мамлакат қаноатманд буда,ҳамеша набзи пешрафти рўзафзўни кишвари азизамонро эҳсос намуда истодаанд.

Дар доираи амалии Аксияи тарғиботии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Наврӯз» дар якҷоягӣ бехи дарахтонро нарм ва сафед намуда, ҷуйборҳои обгузарро бошад тоза намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg