БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наврӯз оини покӣ, андешаи нек ва ҳамдилӣ

Н.ХУСРАВ.Бахшида ба  таҷлили  ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав   бахши намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия бо иштироки ҷавонону наврасон Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвонӣ «Пайғоми Наврӯзӣ»  баргузор гардид.

Аъзои  намояндагии ТҶҶ  «Созандагони Ватан» дар  ноҳия бо доираву таблак ва сурнай роҳпаймоӣ намуда, дар  даст рамзи Наврӯз сабзаи гандум ва суманаки тайёршуда  вориди ташкилту муассисаҳои ноҳия шуда,     онҳоро бо фарорасии фасли баҳор,  Наврӯзи хуҷастпай табрик намуданд.

Аксияи ҳизбиро раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар  ноҳия   Алиева  Сураё ҷамъбаст намуда,  ба  аъзои  намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар  ноҳия барои иштироки фаъолашон  миннатдорӣ  баён карда,  қайд намуд, ки шумо ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон мебошед, ин  амали неки шумо бо як  ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷ  гузоштан  ба  ойину ҷашнҳои миллӣ,  Наврӯзи байналмилалӣ  ба  таври  шоиста муаррифӣ намудан таҳсину офарин гуфт.   Аксияи мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома меёбад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg