БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти баланди ватансозии мо вобаста аст!

ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тугул» хониши сиёсӣ ва корҳои ободонӣ дар доираи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба  Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст. Мақсади асосии эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ борои беҳтар кардани инфрасохтори деҳот мебошад.

Дар иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  сокинон ба сангфарш кардани роҳҳо, тозаю озода намудани маҳалли зист ва сафед кардани дарахтон машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg