БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хайри ҷория дар ҳаққи гузаштагон амали нек аст

ТЕМУРМАЛИК.Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!” оиди баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ќушқияи миёна”-и ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Ќармишев вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор  дода шуданд. Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Туйчиев Маҳмадулло иштирокчиён тасмим гирифтанд,   оромгоҳи деҳаро  тозаю  озода  намуда  50 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи арча шинонанд .    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg