ПАНҶ. Дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Сари ҷангал” вохӯрии ҳизбӣ гузаронида шуд.
Дар он Ғафуров Сайдамир-мудири шўъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳия ва Солиҳов Фирдавс-мутахассиси ҳамин шуъба иштирок ва сўханронӣ намуданд. Масъулин, дар баромадашон оид ба ҳадаф, маром ва самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, гуфта гузаштанд.
Дар идомаи вохўрӣ якчанд нафар фаъолони деҳот ба сухан баромада, ҷонибдорӣ ва фикру мулоҳизаҳои худро нисбати Паёми имсолаи Сарвари давлат баён намуда,иброз доштанд, ки барои зиндагии арзандаи худ меҳнат мекунем.
Дар охир, иштирокдорон дастаҷаъмона қисмати амалии Аксияи “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро бо гузаронидани шанбегӣ- шинондани дарахтони мевадиҳанда, гулҳои мавсимӣ, тоза кардани ҷўйи обгузари маҳалла иштирок намуданд.