БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти баланди ватансозии мо вобаста аст!

ЛЕВАКАНТ.Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулафшон»-и  Исмоили Сомонӣ 28, бо рохбарии раиси Кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар шахр Ватанзода Сайҷаъфар дар якҷоягӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳалла Раҷабов Борон корҳои ободонӣ,  аз қабили ба тартиб даровардани ҷӯйборхо, тоза намудани майдончаҳои назди бинои маҳалла, рангу оҳак намудани қисмати берунаи бино анҷом дода шуд.

Дар вохӯрӣ Ватанзода Сайҷаъфар дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нисбати сиёсати созандаи Асосусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, моҳияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишварро ба иштирокдорон фаҳмонид.

Сокинони махаллаи мазкур иброз намуданд, ки бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  мо новабаста аз касбу кор, шуғл, вазъи иҷтимоӣ масъулияти шаҳрвандии худро баланд бардошта, дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона ширкат меварзем ва барои ободонии махаллаи худ, инчунин, кишвари  азизамон- Тоҷикистон  саҳми босазои худро мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg