БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наврӯз пайки ободию созандагист!

ЁВОН.Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳади миллӣ, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, Тоҷикистон ҳамчун Ватани Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Дар воқеъ  Наврӯз пайки ободию созандагӣ буда, дар ин фасл мардуми куҳансол ва ватандӯсти тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то гӯшаеро обод созанд ва ниҳолеро сабз гардонанд.

Дар доираи корҳои созандагию кабудизоркунӣ ва роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Симолӣ”  зиёда аз 400 метр роҳҳои дохили деҳаи Дастгираки поёни ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов сангфарш гардида, мардуми деҳаи мазкур бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ  заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда, ба шинонидани дарахтҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шурӯъ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg