БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳсозӣ ба ҷойи маъракаҳои азодорӣ

КӮЛОБ. Имрӯзҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинонро ба анҷом додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва амалҳои хайриявӣ ҳидоят намуда истодааст.

Бо ин мақсад бо ҷалби сокинон роҳҳои деҳаи Ёхсучиёни ҷамоати деҳоти Даҳана ҳамвор ва сангфарш карда шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда шуда, ҳамзамон шумораи навбатии нашрияи “Ҳамрози халқ” тақсим ва дастраси сокинон гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg