
ВОСЕЪ.Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва дар ин росто ҷиҳати тадбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”дар ташкилоти ибтидоии «Заркорон»-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд.
Дар ин чорабинӣ масъулин, фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур ва дигар сокинон дастаҷамъона дар нарм кардани бехи дарахтон, тоза намудани канали обгузари деҳа ва ҷӯю обравҳое, ки хоҷагидорон барои обдиҳии заминҳои худ истифода мебаранд, саҳм гузоштанд. Ҳамчунин, бо мусоид омадани боду ҳавои баҳорӣ кишоварзони деҳа ба шудгор намудани заминҳои бекорхобида шурӯъ намуданд. Ҳамзамон, дар ин рӯз дарахтони ҳамешасабзӣ арча ва мевадиҳанда шинонида шуд..