БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақдими китоб хайри ҷория ва омили баланд гардидани сатҳи донишу маърифати ҷомеа мебошад!

Ҷ.БАЛХӢ.Мувофиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Ҷамоати деҳоти Маданият”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёси баргузор гардид

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона суханронӣ намуд.

Баъдан вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, ҷамоати деҳоти Маданият аз ҷониби Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдуғафор Эсанқулов, ба 20-нафар хонандагони муассиса аз оилаҳои камбизоат китобҳои дарсии забони хориҷӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg