БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдомҳои неку созандаи ҲХДТ амалӣ гашта истодаанд

ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи якуми соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Ориёнбонк» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронидашуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳарф зада, афзуд, ки даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад. Низоми бонкӣ дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ба хусус пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ нақши муҳим мебозад.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ модари яккаву танҳо бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориёнбонк» кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg