ЁВОН.Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, зиндагии нав ва эҳёи табиат буда, баъд аз сардиҳои зимистон аст. Ин ҷашни зиндагиафрӯз ба ҷуз он ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳору, насими форам ва навозишгар, садои найи чупон ва суруди деҳқон, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯҳу деҳ мавҷ мезанад, болу пар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Симолӣ» дар деҳаи Дастгираки поён бо иштироки хурду калони деҳа ҷашни Наврӯз баргузор карда шуд, ки чорабинии мазкур бо оростани хони Наврӯзӣ- ҳафтсину ҳафтшин ва суманак оғоз гардида, барномаи рангини фарҳангӣ идомабахши чорабинӣ гардид. Мардуми деҳаи мазкур шукргузорӣ аз Истиқлолияту сулҳи ҷовидонаи кишвар намуда, шодиву нишот карданд.