БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хиёнат кардан, нангу номуси миллатро фурӯхтан аст!

ВОКУНИШ. Рӯзҳои охир аз саҳифаҳои интернетӣ хабарҳои ба Тоҷикистон омадану баргаштани яке аз мухолифини тоҷик, роҳбари собиқи ташкилоти террористии Гурӯҳи-24 Шарофиддин Гадоевро дида, дигарбора эҳсос кардем, ки найрангу иғвогариҳои ин афроди фассодкору камхирад тамомӣ надорад.  Ҳамеша чун суханони пур аз таҳқиру таҳдид ва парту палои ба суроғаи роҳбарони вазорату кумита ва хусусан ба Роҳбарияти олии кишвар ва аҳли оилаи онҳо гуфтаи Ш. Гадоевро мешунавам, нафратам ба уву ҳаммаслаконаш бештар мешавад. Биёед ба воқеъият назар андозем. Ш. Гадоев кист? Мутаваллиди соли 1985. Яъне ин маънои онро дорад, ки ӯ замони алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз кӯдак буд ва чун дар ноҳияи Фархор мезист, ҷанги шаҳрвандиро аз дур ҳам надида буд. Пас, барои Ш. Гадоев хеле осон аст таҳриф кардани ҳақиқати таърих. Он чи ки ӯ дар бораи воқеаҳои он ҷанги хонамонсӯз мегӯяд, саросар дурӯғанду буҳтон. Дар урфият мегӯянд “То саг наҷакад соҳибаш нон намедиҳад”. Рафтору гуфтори Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳаммаслаконаш аккоси чоплусонаи сагеро мемонад, ки ба хотири луқмаи нон сару садо баланд мекунад.

Чун аз тинати ин «ватандорон»-у «озодихоҳон» огаҳем, ҳадс мезанем, ки ғайр аз носазо гуфтану туҳмат задан коре аз онҳо барнамеояд. Ягона ҳадафи онҳо бо ин рафтори номардонаи худ дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор додани Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд аз обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти мубрами рӯз, аз қабили норасоии оби тозаи ошомиданӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва ҳоказо хуб огоҳанд, аммо тинати нопок, виҷдони фурӯхташуда ва қарздорӣ пеши хоҷагонашон кӯрашон кардааст. Онҳо ҳамагӣ инсонияти худро аз даст додаанд. Воқеан онҳоро мебояд ба суоли он, ки дар қиболи ин ободиву озодӣ, пешрафту шукуфоӣ, тантанаи дӯстию рафоқат чӣ мехоҳанд ба мо диҳанд? Кадом неъмате беҳтару хубтар аз вожаҳои боло доранд, ки мехоҳанд Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва амну амонии моро қурбонаш созанд? Медонем, ки чизи дигаре ба ҷуз талаби ҷоҳу сарват ва ҳокимият надоранд, ки ба мо халқи тоҷик бидиҳанд. Хоҳишҳои гурӯҳиву шахсиашонро аз манфиатҳои милливу давлатӣ боло мегузоранд, ки комилан хилофи фаҳмишҳои як нафар инсони ватанпарвару миллатдӯст (чуноне, ки ин афроди камхираду фиребкор худро ба қалам медиҳанд) мебошад. Дар дарозои таърих будаанду ҳастанд ва хоҳанд буд ашхоси фитнагару хиёнаткор. Маҳз ба ин монанд хислатҳои касиф ва оқибати ба ҳама маълуми онҳо дар замири ҷавонон тухми меҳру муҳаббати самимӣ доштан ба Ватану ҳамватанонро парвариш дода, онҳоро водор ба пуштибони аслии Ватан ва муҳофизи неъматҳои бузурги ватандорӣ будан мекунад, ки кори Кабириву думравони ӯ баринҳоро дар роҳи расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон сахттар месозад. Ҳеҷ як ҷавони бонангу ори тоҷик бо роҳи шумо намеравад, зеро аз хатои шуморо такрор кардан ва тамғаи хиёнаткориро гирифтан ор доранд. 

Тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар тавассути роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат- Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон Ватани мо тоҷикон алорағми дассисабозиву фитнаангезиҳо ва хиёнатҳои шумо бештар аз пештар тараққӣ карда истодааст. Ваҳдати сартосарӣ, тинҷию амонӣ, пешравии рӯзафзуни иқтисодиёт, эътирофи ҳамешагии шаҳрвандони хориҷӣ аз ободиву шукуфоии Тоҷикистон ва ғайраву ҳоказо ҷавоб ба шумо нохалафон аст.

Ватанзода Сайҷаъфар, раиси КИ ҲХДТ  дар шаҳри Левакант

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg