ВОКУНИШ.Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифини давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз баргаштан ба Ватан ва бозгашти Шарофиддин Гадоев ба Аврупо ҳангомаи навбатиро пиёда сохтаанд. Аввал ин ки пайдо гардидани Ш.Гадоев дар шаҳри Душанбе ва изҳороташ ба ҳампаймононаш бобати баргаштан ба Ватан ва даст бардоштан аз ҳама гуна сиёҳкориҳо нисбати давлат ва Ҳукумати мамлакат пинаки М.Кабирӣ ва дигар ҳамсафони мухолифинро парронд.
Омаду рафт ва озодии мутлақе, ки Ш.Гадоев дар Ватан дид, гумон мекардем, ки ин асолатбохта фаҳми ободию ободкориҳои кишварро дарк мекунаду баъди бозгашт аз озодию ободӣ дар кишвар ба ҳампаймононаш пайғом мебарад. Аммо, чуноне, ки баъдан маълум гардид ин асолатбохтаи хоҷапараст аз роҳи пешгирифтааш барнагашт. Ҳатто, он ҳама зорию таваллои модари пираш, ки аз ғурбати фарзанди нохалафаш солҳо хӯрдану хоб рафтанро фаромӯш сохтааст, ба ӯ кора накард.
Баробари расидан ба Урупо падари маънавиаш М.Кабирӣ ба пешвозаш баромаду ба ҳам дарди дил гуфтанро оғоз намуданд.
Агар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи ҳӯшманд дарк карда бошад, суҳбату мулоқоти Ш.Гадоеву М.Кабирӣ он қадар самимият надошт. Эҳсос мешавад, ки Ш.Гадоев барои баромадан аз бозии сиёсии М.Кабирӣ ғайрату имкон надорад. Агар не, наход зистан дар Ватан дар муҳити ёру диёр аз зиндагии шоиста миёни аҳолии давлатҳои ҳамҷинсгароии Урупоӣ ба маротиб боло бошад?!
Ё мухолифи дигар Сулаймон Давлатов ваъда дод, ки агар Ш.Гадоев аз Тоҷикистон ба Урупо баргардад ӯ метавонад бо 25 нафар ҷавонони наҳзатии муқими давлатҳои Урупо ба Ватан бозпас ояд. Баъди бозгашти Ш.Гадоев ба Урупо чандест, ки С.Давлатов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ноаён гаштааст.
С. Давлатов худро шахси «тақводору ҳақиқатпараст» ҳисобида, бинем оё ба ваъдааш вафо мекунад ё не! Мутмаинам не. Зеро ин тоифа инсонҳо фақат дар сиёсатсозии ислом кор доранду халос. Ба ақидаи солим ислом барои онҳо бозича шудаасту тамом.
Ш. Гадоев ҳангоми «нишасти матбуотӣ»-аш дар Амстердам ҷор мезанад, ки буду боши ӯ дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдор ва шахсони алоҳида назорат мешуд. Ӯ бо ин тавтеаю дигар туҳмату буҳтонҳои бофтаю сохтааш ба қавле худро аз «вазъият» баровардан мехоҳад.
Дар воқеъ, дар Тоҷикистон озодона гашту гузор кардани ӯ ғайриимкон аст. Кӣ кафолат медиҳад, ки сокинони кишвар ӯро аз роҳи дуруст қабул мекунанд! Агар дар танҳоӣ ин асолатбохта ба дасти ҷавонмардони ватандӯст меафтид ман аминам, ки ӯ ба Урупо зинда барнамегашт. Шояд ба ҳамин хотир мақомоти зиддахл ӯро назорату посбонӣ мекарданд. Ҷойи ташаккуру миннатгузорӣ гиллагузорӣ намудан аз дастгирии мақомоти зиддахли давлатӣ рисолати инсон будани Ш.Гадоевро зери суол мебарад.
Умуман ақидаи Ш.Гадоев ба ақидаи ҷавонмардони асили Ватан дигар созгор нест. Чуноне ки қадри модари пир, ёру диёрро надонист, қадри Ватанро ҳаргиз намедонад. Бинобар ин ҳангомасозии Ш.Гадоев ҷуз як бозии сиёсии мухолифин ва худтаскиндиҳию ҷустуҷӯи роҳҳои нави даромади молӣ чизи дигар беш нест.
Ин Ватан бе Ш.Гадоеву М.Кабирӣ ва А.Шерзамону С. Давлатов ободу зебо мешавад. Чӣ хеле ки мегӯянд «хас каму ҷаҳон пок». Зеро фарзандони асили ин миллату давлат дар садади бунёди давлатсозии навини Тоҷикистон ва ободии Ватани бобоиянд.
Ғафорзода Санамбӣ, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин