ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии об” оид басамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид,ки дар он Абдураҳимова Фирӯза мудири шуъбаи кор бо занон ваҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, доир ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,аз ҷумла оидбамасъалаҳои ташвишовари терроризму экстремизм суханронӣ намуд. Инчунин, дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои аз Паёми Сарвари давлат бароянда вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад дар пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол, таъриху фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошем.