ЁВОН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хоҷагии таълимии Ёвон" хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул иштирок дошта, оид ба тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майлӣ бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон вокуниши фаврӣ ба маводҳои интиқодии бебунёд дар васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, баргузории чорабиниҳо ба хотири огоҳ кардани аҳолӣ аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи 24 ҳидоят намуданд.