БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҳамчун ниҳоди бузурги ҷамъиятию сиёсӣ

ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии « Мопр-2» -и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш вохӯрӣ доир намуд.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон  дар байни мардум васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ баён гардида буд,  суханронӣ намуда,  қайд кард, ки садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосӣ, яъне ҷавҳару меҳвари ҲХДТ ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ, ки ҳизби мо зодаи даврони истиқлол ва оинномааш мардумӣ мебошад, ба таъбири дигар, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Имрӯз бо гузашти солҳо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳизби мо рисолати хешро дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар сатҳи баланд анҷом дод ва ба нерӯи пешбарандаву созандаи ҷомеа табдил ёфт. Боиси қаноатмандист, ки дар татбиқи ҳамаи  нақшаҳои бузург ва фаъоляти созанда нақши ҲХДТ ҳамчун ниҳоди бузурги ҷамъиятию сиёсӣ зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу барҷаста аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg