БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешрафту ободии Ватан ҳадафи асосии мост

ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Устокорони ҷамоати деҳоти  Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод бо  сокинон баргузор гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ масъулин  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  

«Якҷоя ҳал мекунем!», фарорасии  баҳори нозанин ва корҳои кишту кор дар заминҳои деҳот, саршавии  бақайдгирӣ дар нуқтаи бақайдгирии  “Маркази Миллии Тестӣ” дар ноҳияи Шаҳритуз фаъолиятдошта, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун,  истифодаи дурусти шабакаҳои интернет ва иттилооти гуногунмазмун суханронӣ карданд.

Инчунин,  дар Аксияи  ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Устокорон  бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳия  баргузор  гардида буд,  пиру барнои деҳа баромада,  зиёда аз 50 бех ниҳоли арчаи ҳамешасабз қад-қади роҳи мошингарди деҳа шинонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg