А.ҶОМӢ.Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии "И. Сомонӣ"-и дехаи Исмоили Сомонии ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муҳаммаддовуд Ҳалимов, дар якҷоягӣ бо вакили маҳалли Восиева Сабоҳат ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Маҳмуд Забиров хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муҳаммаддовуд Ҳалимов оид ба ҷалби сокинон ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ суханрони намуд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ сокинони деҳаи номбурда дар корҳои ободонӣ, аз қабили васеъ ва мумфарш намудани роҳи байни деҳа, ба тартиб даровардани ҷӯйборҳо, тоза намудани заҳбуру заҳкаш, рангубор намудани қисмати берунаи дару девори манзили истиқматӣ саҳм гузоштанд.