БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём дастурамал ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтисодӣ

ҶАЙҲУН.Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии Мутрибон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуотӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ Бекмамадов Асалмамад вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, иброз дошт, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, ба сифати роҳнамо ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи кишвар пазируфта шуда, дар асоси он нақшаи чорабиниҳо тартиб ва баҳри татбиқи он мардуми кишвар меҳнати софдилона менамоянд.

Қобили қайдаст, ки дар доираи амалии қисмати Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» дар ҳудуди ташкилоти ибтидоӣ 10 бех дарахтони ҳамешасабз ва зиёда аз 20 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуда, бехи дарахтон ва заминҳои назди ташкилот нарм карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg