ХУРОСОН.Бо мақсади амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварзӣ», комиссияҳои кор бо ҷавонону занон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар маркази ноҳия, корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ карда шуд.
Чунин ҳашарҳои дастаҷамъона дар боғи марказии ноҳия, назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ташкилоту муассисаҳои ноҳия, варзишгоҳи ноҳия ва деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бахшида ба таҷлилу омодагӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ шуда истодааст.