БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Урфу одат ва анъанаҳои гузаштагони миллати тоҷик саршор аз хусусиятҳои башардӯстист

КӮЛОБ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроия  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарқалъа” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарқалъа” Собиров Бобоҷон иштирок ва баромад намуданд.

Ҳозирин зимни андешаронии худ қайд карданд, ки дар роҳи тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва роҳи тақвияти ваҳдату дӯстӣ ва ҳамрайъии ҳамватанон истифода бурдани онҳо пешқадам бошем.

Инчунин, гуфта шуд, ки урфу одат ва анъанаҳои гузаштагони миллати тоҷик саршор аз хусусиятҳои башардӯстист. Аз чунин анъанаҳои башардӯстонаи миллати мо ин аёдати ҳатмии бемор ва дар баробари ин дилбардорӣ кардани онҳо мебошад.

Дар идомаи маҷлис ба аъзои нави ҳизб дар назди иштирокдорон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана тақдим карда шуданд.

Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва ба хотири истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва вусъати корҳои ободонӣ дар деҳаи Зарқалъа гулу гулбуттаҳо шинонида шуда, ҳамзамон аз осорхонаи деҳаи мазкур меҳмонон дидан намуданд.

Баъди анҷоми чунин корҳои созанда, дар идомаи Аксияи мазкур Ёрмуҳаммади Саидаҳмад шахси имконияташ маҳдуд аз деҳаи Камари ҷамоати деҳоти Даҳана аёдат гардида, зимни он ба ӯ лавозимотҳои хониш ва либоса  кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg