БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии корҳои ободонӣ ба хотири рушду шукуфоии Ватан!

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Озмоишгоҳи ветенарӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳия Алиев Зафар хониши сиёсӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Алиев Зафар атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ намуд.

Ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардид корҳои ободониву кабудизоркунӣ иштирокдорон гирду атрофи бинои ташкилоти ибтидои ҳизби “Озмоишгоҳи ветенарӣ”  аз партову алафҳои бегона тоза карда, дарахтони ороишиву ҳамешасаб ва гулҳои рангоранги мавсими шинониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg