БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баҳри ободии деҳа якҷоя меҳнат мемкунем!

ХОВАЛИНГ.Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Токак”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо дар ташаббускорӣ яке аз ташкилотҳои фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба ҳисоб меравад.

 Роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Содиқ Сабзаев дар ҳама чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳашарҳои умуминоҳиявӣ, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ташкил карда мешавад, бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар деҳа иқоматдошта фаъолона иштирок менамояд.

Аъзои ташкилот баъди хониши сиёсие, ки дар асоси ҷадвали тасдиқгардида бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд ва дар он мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ҷалолиддин Қаюмов самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ–ро ба онҳо тавзеҳ дода, дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҳашар баромада,  дастаҷамъона ҷойҳои таъмирталаби роҳи асосии деҳаро тахту ҳамвор намуданд. Дар сурат рафти тахту ҳамвор ва таъмири роҳ аксбардорӣ шудааст.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Содиқ Сабзаев дар баромадаш қайд намуд, ки барои ободии деҳа пурмаҳсул меҳнат намуда, санаи фархундаи дарпешистода 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо омодагии пешакӣ ва туҳфаҳои арзанда-хонаи ободу деҳаи обод пешвоз мегиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg