Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дар маҳал ба фоидаи сокинон аст

ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо аъзо ва фаъолони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сафедоб»-и ҷамоати деҳоти Панҷруд хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баромад кард, қайд гардид, ки ҳоло дар кишвар 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад.  Дар 10 соли охир иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаи энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.

Дар Паёми Пешвои миллат бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg