ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии хизбии деҳаи «Гулистон»-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ Ватанзода Сайҷаъфар, ҳамзамон масъулини Кумитаи иҷроия Назарова Фароғат ва Суҳроб Валиев вохӯрӣ доир гардид.
Инчунин, тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷонибдорон ва аъзои ҳизб ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ба тоза намудани ҷӯйборҳои обрав ва шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда ба ободии маҳалли худ саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ин Аксия ширкат варзида, бо ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат намуда, қайд карданд, ки ҳадаф аз доир намудани ин гуна чорабиниҳо асосан баланд бардоштани масъулиятии шаҳрвандии аҳолӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари онҳо дар пешбурди корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.