Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Расад пайғоми наврўзӣ…

ПАНҶ.Наврўз қадимтарин, зеботарин, муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми ориёӣ буда, зиндашавии табиат, пирўзии нур бар торикиро дар худ таҷассум менамояд. Ҳамасола ҷашни наврўзро мардуми зарзамини Тоҷикистон  бо тозаю озода намудани кошонаҳояшон, деҳқонон бо кишту кори саҳро оғоз менамоянд, яъне инро ободонию созандагӣ маънидод кардан мумкин аст.

Вобаста ба ин дар ташкилоти ибтидоии Гулобод-2-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо иштироки масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ вохўрӣ баргузор гардид. Нахуст масъулон оид ба ҷашни дарпешистодаи Наврўзи хуҷастапай суханронӣ намуда, ҳамагонро бо фарорасии ин иди баҳор табрик намуда, баъдан оиди соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2019, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон пешниҳод шудааст,  ёдовар шуд.

Ҳамзамон иброз доштанд, ки иҷрои саривақтии мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, лозим аст, ки дар иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона саъю талош намоем.

Дар фарҷоми вохўрӣ иштирокдорон дастаҷаъмона ба ҳашари умумӣ баромада шафати роҳи мошингарди деҳаро тозаю озода намуда, гулҳои ороишии мавсимӣ шинонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg