Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Зи ҳар қатра оби равон шукрона бояд кард...

НОРАК.Бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обтаъминкунӣ” гузаронида шуд.

Аксияи мазкур аз бо ташаббуси ташкилоти номбурда  роҳандозӣ гардида, дар он корҳои иваз намудани хатњои оби нўшокї дар љамоатњои дењот ва минтаќањои манзилї идома дорад.

Кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда дар ҷараёни корҳои ободонӣ қайд намуданд, ки ободонии маҳал, ҷойи кор, макони зист яке аз иқдомҳои нек ва ватанпарваронаи Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, бахшида ба  ҷашнҳои миллӣ, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ ҳар ҳафта аз ҷониби кормандони  ташкилот   шанбегиҳо гузаронида мешавад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри дар амал татбиқ гардидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатиашон бармеояд, дар ободии диёрамон саҳмгузор бошем ва дар доираи  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” софдилона хизмат намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg