Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Роҳнамоии ҷомеа ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои неку созанда

КӮЛОБ. Дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии «Ёрирасон»  мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар  шаҳри  Кӯлоб вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир гардид.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва роҳбари ташкилоти ибтидоии хизбии «Ёрирасон» Бадарғаева Сурайё хузур  доштанд.

Дар оғоз Бадарғаева Сурайё иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо ҳизб асоси  мувафакиятҳо дар ҳама самтҳо буда, махсусан дар самти тарбияи ҷавонон, ки яке аз самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҳизб  ба ҳисоб меравад. Дар ин самт дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф диққати махсус зоҳир  намуда, тамоми шароитҳоро муҳайё кардааст. Мавсуф дар идома гуфт, ки супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори  худ намуда, ба халқу Ватани худ содиқона хизмат менамоем ва фарзандонро дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия мекунем.

Зимнан, дар навбати худ Ҳамидиён Орзу дар бораи фаъолияти ҳизб, ки мақсади аслиаш танҳо бо халқ наздик будану мафкураи ҷомеаро ташаккул додан ва ин мафкураро барои иҷрои ҳадафҳои нек равона кардааст, иброзӣ назар намуд.

Дар фарҷом дастаҷамъона зимни роҳндозии Аксияи  ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд.

Дар ҳамин радиф дар доираи аксияи мазкур фаршу девори синфхонаҳои мактаб-интернати ёрирасон таъмир ва рангубор гардида истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg