Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КИ Абдувадуд Дустов” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромади худ Асоев Хизирдин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва масъалаи ташвишовари ҷомеаи имрӯза, яъне терроризму экстремизм, дар бораи вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомузӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила суханронӣ намуда, иброз дошт, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҷонии ҳар яки мо буда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, тарбияи насли наврас, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлол, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона талош варзем.
Инчунин, вобаста ба татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Гулонов Абдуҷаббор раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КИ Абдувадуд Дустов” ба 15 нафар камбизоатон ки кормандони ташкилот ҳастанд ба маблағи 6300 сомонӣ кӯмак карда шуд.