БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба хоинони миллат имкон набояд дод!

ВОКУНИШ.Тоҷикистон-сарзамини биҳиштосо зери талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувору созанда гузошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Албатта, чунин пешравиҳо тамоми мардуми кишварро руҳбаланд месозад.

Вале мутаассифона, бархе аз ҳамдиёрони, мо ин ҳама неъматҳое, ки Худованд ба воситаи Эмомалӣ Раҳмон ба мо – миллати тоҷик додааст, нодида гирифта, чӣ кирдорҳоеро сомон медиҳанд. Қисме аз чунин гумроҳон барои «чор танга» дар давлатҳои хориҷа маскан гирифта, тибқи хостаи хоҷагони хориҷии худ дар расонаю шабакаҳои интернетӣ лофи «диндорию ватандорӣ» мезананд ва ба ҳамин васила суханони дар мағзи сари хеш ҷо намудаи хоҷагонашонро, ки ҳеҷ як ҳақиқати воқеӣ надоранд, ба мову шумо расонида, диққатамонро ҷалб менамоянд. Дар ин партав бархеи дигар, бахусус ҳамсолони аз илму маърифат дур мондаи мо аз ҷониби чунин мағзшӯён мағзшӯӣ гардида, дигар чашмонашон комилан ин ободию осоиштагиро намедидагӣ мешаванд ва ба осонӣ лухтаки фармонбардори сари дасти ин бадхоҳони миллат мегарданд. Яъне ин хоинон (амсоли Муҳиддин Кабирӣ) суханҳои «исломолуду миллатдӯстона»-ро ба худ сипар намуда, дар камтарин фурсат санги маломат бар сари ин миллат мезананд ва ба ин васила сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор намуда, оқибат ба давлату миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни мо – тоҷикон доғи сиёҳ меоранд. Қисми зиёде аз ин фирефтагон дар «каллаи пуч»-и худ ақидаҳои аблаҳонаеро ба мисли «Чаро Тоҷикистон амсоли Руссия, Бритониёи Кабир ва Амрико тараққикарда нест?», «Чаро дар фалон давлат инхел ҳаст ва дар Тоҷикистон не?» мепарваранд. Аз ин бармеояд, ки чунин ашхос заррае тассавуроти илмию таърихӣ надошта, тамоман дар мафкураашон давр намезанад, ки ин давлатҳо барои «Руссия»-ву «Бритониёи Кабир»-у «Амрико» шудан садсолаҳо талош намудаанд ва Тоҷикистони тозаистиқлоли моро, ки дар баробари ҷавон буданаш дастовардҳои солҳои охир соҳибгаштааш ҷомеаи инсониро ба ҳайрат овардааст, қиёс менамоянд. Вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон тақозо менамояд, ки барои ба ҳаракатҳои бунёдкоронаю созанда раҳнамун сохтани ҷавонон пеш аз ҳама, мо бояд онҳоро бо донишҳои наву замонавӣ мусаллаҳ намуда, дар ниҳодашон меҳру муҳаббатро ба ин сарзамин ва мардуми пуршарафи он бедор созем. Мо бояд бо ҳар роҳе, ки набошад ҳисси худшиносии миллии ҷавононро ба сатҳи зарурӣ боло бурда, дар онҳо муҳаббат ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳисси масъулият дар назди давлату ҳукумат ва халқу Ватанро тарбия намоем. Пас мо мардуми ин сарзамин, бахусус мо - ҷавонони шаҳди меваи истиқлол чашидаро мебояд, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи қавлу ваъдаҳои бардурӯғи чунин гурӯҳҳои мамнуъу зиддидавлатӣ нагардем. Ин дастовардҳои беназири тар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ бадастовардаро ҳимоя намуда, барои пойдор мондану давра ба давра рушд додани онҳо тамоми кӯшиши хешро ба харҷ диҳем ва дар баробари дигар мақомотҳои қудратӣ сипари боэътимоди ин давлату миллат бошем. Нагузорем, ки ҳеҷ як нохалафе ҳатто фикри пиёда кардани амалҳои нопоку ғаразноки худро рӯи ин хоки муқаддас карда бошад.

 

Меҳроб Ҷалилов, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg