БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ба ифротгароии динӣ иҷозат намедиҳем!

ВОКУНИШ. Муқовимат ба ифротгароии динӣ-сиёсӣ  ва решакан кардани он дар Тоҷикистон, имрӯз ба зарурати воҷиби таърихӣ табдил ёфтааст ва ба назар чунин мерасад, ки Ҳукумати мо дар ин самт чораҳои хеле зарурӣ ва саривақтӣ андешида истодааст. Албатта, ин бесабаб нест, зеро ифротгароӣ ва ифротишавӣ зуҳуроти хеле хавфнок агарчӣ таблиғгарони он бо баҳонаи дини воқеӣ ва эътиқоди ҳақиқӣ аз номи ислом баромад мекунанд, ҳеҷ мансубияте ба ислом надоранд.

Ба таври дигар, ифротиён ин гурӯҳи тасоддуфӣ ва гумроҳшудагоне мебошанд, ки дар аксар ҳолатҳо зери таассуб қарор гирифта, ақидаҳои худро тағйир додаанд ва дониставу нодониста, дар ниҳоят ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудаанд. Гурӯҳҳое, ки экстремистӣ ба ҳисоб рафта, бо шомил шудан ба он, шахси пайвастшуда, дигар имконияти баромадан аз онро гум мекунад ва дар гирдоби ақидаҳои ифротгароёна ғарқ гашта, нобуд мешавад. Гурӯҳе, ки танҳо як дари даромад дорад. Барои он, ки ҷомеа аз ҳадафҳои ашхоси ифротишуда ва гурӯҳҳои ифротии ба ҷомеаи инсонӣ хатарнок огоҳ шавад, бояд алайҳи онҳо на танҳо давлат, балки тамоми аҳолӣ мубориза барад.  

Ҳамчунин ошкор намудани решаҳои таърихи ифротгароӣ дар ҷомеаи исломӣ, муайян намудани ҷойи тамоюли экстремизм дар низоми тамаддуни исломӣ ва ғариисломӣ пешниҳод мешавад. Набояд розӣ шуд, ки «ҳар як мусулмон – ифротист, агарчӣ на ҳар як ифротӣ мусалмон аст». Бояд иқрор кард, ки барои Тоҷикистони муосир мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини барномаҳои наҷоти миллӣ ба шумор меравад. Зеро гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ на танҳо ба гурӯҳи кӯчаки аҳолӣ, балки ба пояи миллат ва давлат низ зарба хоҳад зад. Исботи инро ҷомеаи ҷаҳонӣ, аллакай дар муборизаҳои ифротгароёни исломӣ дар Сурияву Ироқ ва Афғонистону Покистон диданд ва аз зуҳуроти басо хавфнок будани он огаҳ шуданд. Саркардагони ҳизби бо ном исломии Тоҷикистон низ хост, ки мамлакати соҳибистиқлол ва озоду шукуфони моро ба ин варта ворид созанд.  Оё онҳо медонанд, ки ҳизби роҳбари мекардагиашон барои пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои паси сар намудани мушкилотҳои дар назди чамъият ба миён омада чӣ кушиш ба харҷ додаед?  Ҳамаи мо хуб медонем, ки шумо ба ғайр аз ғайбату таъна ва дурӯғ  ба дигар кор қобил нестед. Аз ин корҳоятон маълум аст, ки пешравии Тоҷикистонро дида наметавонед.

Тоҷикистон ягона давлате дар Осиёи Миёна буд, ки Ҳизби исломии қонунии худро дошт, пас аз ошкор гардидани чеҳраи аслӣ ва воқеиятон мо дигар намехостем, ки  чунин ҳизб бо номи Худованди Карим ба сиёсат ҳамроҳ бошад. Ҳамаи мардум аз тамоми хилаву найранги шумо бохабаранд, чунки зархариди хоҷагони хориҷиатон гаштаед.

Агар Шумо барои Тоҷикистон хизмат кардани бошед ба мисли сагони дайду аз ҳар ҷониб овоз набароред гарчанде, ки побанди он «шайху» «мистеру» дигар хоҷаҳои хориҷии худ ҳастед.

Мирзоев Талбӣ, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони  халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg