БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳо то ҷое бенангу беномусанд, ки аз дурӯғу найрангҳои рӯйирост рӯ намегардонанд!

ВОКУНИШ. Ҷонибдорони ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ, ки ҳамакнун чодари найранг аз рӯи роҳбарияташ гирифта шудааст, ба ҷуз аз сафсатагӯиву сиёҳкорӣ дигар роҳе пайдо накарда истодаанду, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки обрӯву эътибори аз даст додаи хешро пайдо созанд.

Аз аввали пайдоиши ин гурӯҳи пинҳонкор, ки охиран дар ниқоби ҳизби сиёсӣ барномаҳои хоҷагонашонро дар кишвари мо амалӣ кардан мехостанд, аъзои қаторӣ ва ҳатто солмандони ҳаммаслаконашон ҳам ирода ва ё ҳуқуқи эрод гирифтан нисбат ба аъмоли роҳбаронашонро надоштанд. Ҳол он ки берун аз дарвозаҳои хонаву макони найрангбозиҳояшон иддаои подарҳавои озодбаёнию аҷргузорӣ ба арзишҳои демократӣ менамуданд.

Афсӯсовар он аст, ки он хоҷагон барои ба мақсади нопоки худ расидан домани ҷавононро ба мисли Сулаймон Давлатов ваъдаҳои бардурӯғ пур намуда, ҷавононро гумроҳ месозанд. Ба қавле мӯйро аз хамир ҷудо накарда, амну осоиши халқи тоҷикро халалдор месозанд.

Наҳзатиҳо то ҷое бенангу беномусанд, ки аз дурӯғу найрангҳои рӯйирост ҳам рӯ намегардонанд. Дастовардҳои солҳои охир ба дастовардаи Тоҷикистонро   сиёсати ғаразноки Пешвои миллат медонанд. Худ қазоват намоед фароҳам овардани шароитҳои шоиста барои зиндагии арзандаи халқи тоҷик, бедор намудан ва ба ҷаҳониён нишон додани фарҳанги миллати тоҷик  ва бо ин васила муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналхалқӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, аз минбарҳои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ магар манфиати ғаразноки як шахс буда метавонад? Ҳаргиз. Ҳамаи дастовардҳову эътирофи миллати тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо хизмати бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон аст. Маҳз аз фароҳам овардани шароитҳои мусоид чи ба олимону, чи нависандагон ва чи варзишагарон, баровардани халқи тоҷик аз шароити камбизоатӣ, рӯ ба давлати аграриву саноатӣ ниҳодани Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буду ҳаст.

Дар замони ҷаҳонишавии ҷомеаи имрӯза масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти танҳо Тоҷикистон нест ва нахоҳад буд. Дар он давлатҳо ба мисли Доғистону Туркия, Русияву Эрон ва ё худ Покистон, ки Сулаймон Давлатов ҳарисона ҳавасашро мехӯрад проблемаи муҳоҷират ҷой дорад. Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз ба як раванди глобалӣ табдил ёфтааст. Агар хоҷагони Сулаймон Давлатов ин қадар ба мардуми тоҷик дилсӯз бошанд, намешуд, ки дар давраи фаъолият намуданашон ба ҷои кашидани нақшаи хиёнаткорӣ ба миллати тоҷик ба корҳои ободониву созандагӣ машғул шаванд дар ҳамон давраи фаъолияташон ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамчун ҳизб фаъолият намуданашон тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ шароит фароҳам оварда буд.

Мутмаинам, ки сабаби тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ лоф задани ашхосон ба монанди Сулаймон Давлатов танҳо бе ҷонибдорони худ мондани саркардагони ин ташкилоти террористӣ- экстремистӣ мебошад. Чунки бо гузашти айём маълум аст, ки ба чи кор қудрат дораду кадом роҳ ба ростӣ мебарад, замоне хоҳад расид, ки ҳатто фарзандонашон ҳам аз доштани чунин волидайни хоин рӯ мегардонанд. Чунки хиёнат, махсусан хиёнат ба Ватан амали нобахшиданист ва ҳатто фарзандони чунин нохалафон агар заррае номуси Ватандорӣ дошта бошанд, ин маъниро дарк мекунанд.

 

Абдуллоев Ваҳобиддин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                           

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg